Ҳамдардии Гулрӯ Ҷабборзода бо сафири Фаронса

Гулрӯ Ҷабборзода вазъияти бар асари хуруҷи Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро шарҳ дода, ба сафир бинобар сироятёбӣ ва фавти шаҳрвандони Фаронса бар асари ин беморӣ изҳори таслият намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот кардааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт

Бино ба гузориши манбаъ, зимни мулоқот Гулрӯ Ҷабборзода вазъияти бар асари хуруҷи Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро шарҳ дода, ба сафир бинобар сироятёбӣ ва фавти шаҳрвандони Фаронса бар асари ин беморӣ изҳори таслият намудааст.

Ногуфта намонад, ки то 16 апрел дар Фаронса 147 ҳазору 863 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 167 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар самтҳои мавриди эҳтироми тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Инчунин масъалаҳои бокортаъминкунӣ ва фарогирии ҷавонон бо касбҳои муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Аз ҷониби Ясмин Гуедар барои омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ғании Фаронса дар самтҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот роҷеъ ба нақшаҳои минбаъда ва роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ  табодули назар сурат гирифтааст.