ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Зане дар Тошканд бо нишонаҳои коронавирус чандин бор ба беморхона рафтааст, вале ҳар бор бо кумаки аввалия ӯро рухсат додаанд.
Ба нақли Содиқҷон Бердиалиев сардори Идораи назорати иҷрои қонунгузорӣ дар Прокуратураи генералӣ, ин зан аз 19 март то 4 апрел дар давоми 16 рӯз бо таби баланд ва хастагӣ чор бор ба беморхонаи оилавии рақами 51-и ноҳияи Юнусобод ва чанд бор ба беморхонаи шаҳрии рақами 7 муроҷиат кардааст.
Ва танҳо пас аз он, ки вазъи саломатии ӯ вазнин шудааст ва ӯ бори панҷум ба духтурон муроҷиат кардааст, ӯро аз ташхиси коронавирус гузаронидаанд.
Дар натиҷа таҳлили ташхис мусбат баромад. Дар ҳамин ҳол 30 нафари дигар, ки бо зани бемор алоқа доштаанд зери карантин қарор дода шуданд.
"Муттассифона ҳолатҳои хунукназарӣ ва беаҳамиятӣ низ дучор мешавад", - қайд кард Бердиалиев.
Ёдрас мешавем, ки то рӯзи 16 апрел дар Ӯзбекистон 1302 кас гирифтори коронавирус шудааст.
Оғоз аз 6 апрел дар саросари кишвар ҳолати хонашинӣ роҳандозӣ шуд. Одамони аз 60 сола боло ҳаққи баромадан ба берунро надоранд.
Дар баробари ин ҳукумати кишвар барои пешгирии паҳншавии коронавирус ният дорад карантинро тамдид кунад.