Таъсири коронавирус ва тасмими бесобиқаи Путин: рӯзи 9 май Режаи Пирӯзӣ баргузор намешавад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тасмими таърихӣ гирифт. Бори нахуст аст, ки Режаи Пирӯзӣ, ки ҳамасола санаи 9 май баргузор мешуд, ба таъвиқ андохта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия  дар паёми навбатиаш ба мардуми кишвараш эълон кард, баргузории Режаи Пирӯзӣ  ва Ҳанги ҷовидон дар майдони сурх ба хотири пандемияи коронавирус ба баъд мавкул шуд.

“Хатари вобаста ба эпидемия, ки ҳоло ба авҷи худ нарасидааст, то ҳол вуҷуд дорад ва имкон намедиҳад, ман иқдомҳо барои омодагӣ ба Режаи Пирӯзи ва дига чорабиниҳои оммавиро оғоз намоям”, гуфт Путин.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин таъкид дошт, ки ҳамаи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҳатман баъд аз коҳиш ёфтани хатари коронавирус, дар соли 2020 таҷлил хоҳанд шуд.

Шумораи гирифторони коронавирус дар Русия якбора афзуда ба 28000 расид

Аз ҷумла Путин қайд, ки ҳатман Режаи Пирӯзӣ  ва Ҳанги ҷовидон таҷлил хоҳанд шуд.

Ин тасмими раисҷумҳури Русия дар таърихи ин кишвар бесобиқа арзёбӣ мешавад.

Тибқи омори ахир шумори гирифторон ба коронавирус дар Русия ба 28 ҳазор, шумори шифоётагон ба 2300 нафари ва шумори фавтидагон ба 232 нафари расидааст.