Аҷабо: боздошти "банда"-и занони нашъаҷаллоб дар Душанбе

Дар Душанбе як гурӯҳ занон боздошт шудаанд, ки ба қочоқи маводи нашъаовар муттаҳам мешаванд. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе гурӯҳи ё ба истилоҳ"банда"-и занони нашъаҷаллобро дастгир кардаанд.

Бино бар гузориши сомонаи оҷонсӣ, ки имрӯз нашр шудааст, моҳи феврали соли 2020 зимни тафтишоти оперативӣ аз ҷониби кормандони оҷонс аз шаҳрванд Латипова Надежда Ивановна, ду адад ҳабҳои рангашон зардчатоби сохташон гулмонанд бозёфт ва мусодира карда шуд.

"Мувофиқи маълумотномаи коршиносон ҳабҳои мусодирашуда моддаи психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин (МДМА) мебошад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Тафсилоти бештари боздошти "Муқимча" бо шогирдони нашъаҷаллобаш - навор

 Ҳамин тавр, мақомот муайян кардаанд, ки маводи мухадирро Надежда дар ҳудуди Душанбе аз шиносаш Ҳамробоева Мадина бо тахалуси "Яна"  бо фурӯши ғайриқонунӣ гирифтааст.

Инчунин дар ҳамин раванд  аз ҷониби кормандони оҷонсӣ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди "харидории санҷишии оперативӣ" тавассути шахси ба мақомоти оҷонсӣ мусоидаткунанда, аз шаҳрванд Ҳамробоева Мадина, ба маблағи 900 сомонӣ ду адад ҳабҳои психотропии навъи метилендиокси-метамфетамин харидорӣ карда шуд.

"Баъд аз ин Ҳамробоева М. дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуда муайян шуд, ки ӯ ҳабҳои зикршударо аз шиносаш Носирова Фотима Шерзодовна бо тахалуси "Далила" бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ғайриқонунӣ соҳиб шудааст", - афзудааст дафтари матбуотӣ.   

Гуфта мешавад, мақомот Фотимаро 7 феврали соли равон дар Душанбе дастгир карданд.

"Ҳангоми бозпурсӣ Носирова Ф.Ш. қайд кард, ки ӯ ҳабҳои ба Ҳамробоева М.М. фурӯхтаро аз шиносаш Маликмухамедова Дунё Рустамовна дасрас намудааст", - менависад манбаъ.

Маликмухамедова Дунё Рустамовнаро 8 феврал дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир кардаанд.

Панҷоҳсола ва нашъаҷаллоб: Навори боздошти қочоқчиёни афюн дар Душанбе

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 (панҷ) адад ҳабҳои ҳабҳои психотропии навъи метилендиокси-метамфетамини гулмонади рангашон кабуду гулобӣ дарёфт карда шудааст.

Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдоеви шаҳри Душанбе, боз 15 (понздаҳ) адад ҳабҳои нашъадор пайдо карда шудаанд.

Муайян карда шуд, ки Маликмухамедова Д.Р. ҳабҳои зикршударо аз шиносҳояш шахсони ба тафтишот номълум бо номҳои “Даврон” ва “Эгам” ғайриқонунӣ соҳиб шудааст.

"Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ шахсияти Даврон ва Эгам муайян карда шуд. Маълум карда шуд,ки пеш аз ин Даврон, яъне Ашуров Даврон Ҷумахонович аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва аз у 60дона ҳабҳо мусодира карда шудааст", - қайд мекунад оҷонс.

Шифо ёфтанд? шумораи мӯътодони нашъа дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Нисбати шахсони дастгиршуда, Латипова Надежда, Ҳамробоева Мадина ва Носирова Фотима бо қисми 1 моддаи 200 КҶ ва нисбати  Маликмухамедова Дунё Рустамовна ва "Эгемен" бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар қисми 2 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,бо парвандаи ҷинояти нисбати Ашуров Даврон ҳамроҳ карда шуда, тафтишот идома дорад.