Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон 6 узви Маҷлиси миллӣ даъвати шашумро таъйин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар фармони раисиҷумҳур таъкид шудааст, ки шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум таъйин карда шаванд.

Ҳамдигарро таъриф карда, ба осмон набарорем: Убайдуллоев дар бораи мансабдорону коррупсия

“Раҳимӣ Фарҳод, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо – раиси ноҳияи Мурғоби ВМКБ, Дӯстзода Ҳасан Тағдир – раиси ноҳияи Нуробод, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир – раиси Иттифоқи нависандагон, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд”, - зикр шудаанд дар феҳрасти аъзои навтаъйини Маҷлиси миллӣ.

Дар феҳрасти афроде, ки то ҳол ба узвияти Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъйин гардиданд, номи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумон дар даъвати панҷум зикр нашудааст.

Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президент бо фармонаш таъйин мекунад. Ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣ, даъвати нав рӯзи 17 апрел таъйин шудааст.

Тибқи қонунгузории кишвар, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлис онро роҳбарӣ мекунад.

Эълони номи 25 узви нави Маҷлиси миллӣ: аз Рустам Эмомалӣ то Файзов, Аҳмадзода, Ҳакимзода

Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби аъзои он, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо интихоб мегардад. Ҳадс зада мешавад, ки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ки ахиран ба узвияти Маҷлиси милллӣ интихоб шуд, номзади асосӣ ба раисӣ дар палатаи болоии парлумон мебошад. Раиси Маҷлиси миллӣ, расман нафари дуюм дар давлатдории Тоҷикистон ба шумор меравад.