СБП қисме аз қарзи Тоҷикистонро бахшид

Шӯрои иҷроияи СБП дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвари аъзои СБП қарор қабул кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Сандуқи байналмилалии пул дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон қарор қабул намуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

СБП дурнамои рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2019 пешгӯӣ кард

Дар изҳороти мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (СБП) хонум Кристалина Георгиева гуфта мешвад, ки Шӯрои иҷроияи СБП дар бораи фавран сабук кардани сарбории қарзи 25 кишвари аъзои СБП дар доираи механизми бознигаришудаи СБП – Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат қарор қабул кард. Ин амал иқдоми ҷавобии Фонд барои мусоидат дар бартараф кардани оқибатҳои пандемияи COVID -19 мебошад.

Тибқи ин қарор ба давлатҳои камбизоат ва нисбатан осебпазири аъзои СБП барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо дар назди СБП дар давраи ибтидоӣ давоми шаш моҳи оянда грантҳо пешниҳод гардида, ба онҳо имкон медиҳад, ки захираҳои молиявии маҳдуди худро бештар барои расонидани ёрии фаврии тиббии ҳаётан муҳим ва дигар кумакҳо равона созанд.

Намояндагони СБП бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошно шуданд

Айни замон Фонди трастии маҳдуд ва рафъ кардани оқибатҳои фалокат метавонад қариб 500 млн. доллари ИМА барои сабук кардани хизматрасонии қарз дар асоси грантҳо, аз ҷумла уҳдадории қаблии Шоҳигарии Муттаҳида ба маблағи 185 млн. доллари ИМА, инчунин 100 млн. доллари ИМА, ки Япония дар шакли захираҳои фавран дастрасшаванда додааст, пешниҳод намояд. Инчунин Чин ва Нидерландия низ дар бораи саҳмгузории худ омодаанд.

Ҳамзамон дар изҳороти мудири СБП омадааст, ки «ман аз дигар донорҳо низ даъват менамоям, то барои пурра кардани захираҳои Фонди трастӣ ва тақвияти минбаъдаи имкониятҳоямон барои пешниҳоди сабукиҳои иловагии қарз давоми ду сол ба  кишварҳои камбизоати аъзои СБП ба мо кумак расонанд».