ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Рӯзи 17 апрел, соати 15:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 апрели соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 23-57, 221-30-84 мебошанд",- омадааст дар иттилоя.
Эълони номи 25 узви нави Маҷлиси миллӣ: аз Рустам Эмомалӣ то Файзов, Аҳмадзода, Ҳакимзода
Рӯзи 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ "Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум" фармон имзо кард.