Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мақомоти Хуҷанд: пинҳон нигоҳ доштани сирояти коронавирус ба нафъи ҳеҷ кишваре нест

Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар як ҷаласае бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи шаҳр таъкид доштанд, ки шаҳрвандон ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавирус бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, такя намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Эҳсон Саидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эидемологии шаҳри Хуҷанд, аз омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, захираи маводи тамизгардонӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо, айнакҳо ва ғайраҳо маълумот дода, афзуд, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 3 адад беморхонаҳо барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавирус ё COVID-19 муайян карда шудааст.

Коронавирус дар ИДМ: шумори мубталоён дар Ӯзбекистону Қазоқистон аз 1 ҳазор нафар гузашт

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Бино бар иттилои Саидов, дар ин беморхонаҳо тамоми шароити табобат пешбинӣ гардидааст.

Эҳсон Саидов бори дигар аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон такя намоянд.

Вай қайд кардааст, ки агар шаҳрвандони кишвар суол дошта бошанд нисбати сирояти коронавирус, метавонанд тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ таври шабонарўзӣ фаъол аст, муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар кшвар Вазорати тандурустӣ расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард.

“Ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд”, - таъкид доштааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Дар ҳамин ҳол, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ба масъулини дахлдор барои боз ҳам густариш додани корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, захираи маводи тиббӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.