Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дӯст он бошад, ки...: пизишкони рус дар Италия беморони коронавирусро табобат мекунанд

Пизишкони рус дар Италия бо маризии коронавирус даст ба гиребон мубориза мебаранд. Онҳо аллакай нахустин гирифторони коронавирусро муолиҷа карда, ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Шумораи гирифторони коронавирус дар Италия 159,5 ҳазорро ташкил медиҳад. Қурбони ин вируси даҳшатбор бештар аз 20 ҳазор бемор гаштаанд.

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион ниқоб содир мекунад
Вазъ дар Италия ваҳим арзёбӣ мешавад. Маркази беморӣ дар кишвар минтақаи Ломбардия гардид, ки аз он аввалин гирифторони КОВИД-19 пайдо гардиданд.

Моҳи март Русия ба Италия барои мубориза бо коронавирус 15 ҳавопаймо кӯмакҳои башардӯстонаи иборат аз маводи тиббӣ ва таҷҳизоти зарурӣ ирсол кард.

Сипас пизишкони рус барои табобати итолиявиҳо равон карда шуданд. Онҳо дар беморхонаи машҳури Бергамо ба табобати беморон шурӯъ карданд. 

Кӯмаки Русия ба Италия: мутахассис, таҷҳизот ва маводи доруворӣ - навор

Пизишкон аз Русия аллакай 30 гирифтори коронавирусро бо табобат фаро гирифтаву 8 нафарашонро пурра табобат карда, ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

Пештар низомиёни рус дар минтақаи Ломбардия 59 муассисаро дезинфексия карда буданд. Акунун дари он бемористонҳо ба қабули дигар беморон ҳам, ки коронавирус надоранд, боз аст.