Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Донишҷӯёни Бохтар низ даст ба истеҳсол ниқобҳои тиббӣ заданд

То имрӯз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав беш аз 3 ҳазор ниқоб истеҳсол карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи рӯзномаи “Фараж” донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри  Бохтар ба номи Носири Хусрав ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ оғоз карданд.

Шалвор ниқоб мешавад: ширкатҳои Тоҷикистон ба тавлиди ниқобу либоси хоси тиббӣ рӯ оварданд

Бино бар иттилои манбаъ, дар факултети технологияи донишгоҳи мазкур  коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки дорои 11 адад мошинаи дарздӯзӣ мебошад

Декани факултети технологияи донишгоҳи мазкур Файзиддин Муродов ба рӯзномаи “Фараж” таъйид кардааст, ки беш  аз 15 духтаре, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд,  ба духтани ниқоби тиббӣ ҷалб гардида, дар як рӯз  аз 400 то 500 дона ниқоб медӯзданд.

Муродов зикр намудааст, ки имрӯз беш аз 3 ҳазор ниқоб аз ҷониби донишҷуён  дӯхта шуда, донишҷуёни 4 факултет ва онҳое, ки дар хобгоҳ ҳастанд, пурра бо ниқоб таъмин шудаанд.

“Дар оянда ният дорем 9 ҳазору 762 донишҷӯи бахши рӯзона ва 941 устоду корманди техникии  Донишгоҳро бо  ниқоби тиббӣ таъмин созем”, - илова кард Файзиддин Муродов.