Чаро барқро мекушанд? Шикоятҳои мардум ва шарҳи “Барқи тоҷик”

“Барқи тоҷик”, ширкати масъули таъмини барқи Тоҷикистон, аз шабакаҳои тобеаш бо ирсоли як барқия хост, ки қабл аз қатъи барқ мардумро огоҳ кунанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели ирсоли ҳамчунин барқия ба шабакаҳои ширкат дар саросари кишвар афзудани шикоёти мардум аз қатъ шудани барқ аст.

Вай афзуд, шабакаҳо ба мардум бояд фаҳмонанд, ки ягон маҳдудият ё камбуди барқ дар кишвар набуда, он чӣ анҷом мешавад, тибқи нақша ва амри зарурӣ аст.

“Низоми энергетикӣ дар ҳолати аз як марҳила ба марҳилаи дигар, масалан, аз зимистон ба баҳор ё аз баҳор ба зимистон гузаштани реҷаи корӣ бархе иқдомро тақозо мекунад. Зимистон як давраи хеле душвори кори низоми энергетикӣ аст. Вақте тамоми зимистон таҷҳизот бетанаффус кор мекунад, баъзан фарсуда ва таъмирталаб мешаванд. Дар ҳамин давра чанд рӯзе лозим аст, ки таҷҳизоти бузург, назири Суғд - 500, Душанбе – 500 ва дигар хатҳои баландшиддати барқ таъмир шаванд. Худ аз худ маълум аст, ки то барқро қатъ накунед, имкони таъмир кардан ҳам нест”, - тавзеҳ дод ӯ.

Чигуна дар “Барқи тоҷик” миллионҳоро медузданд? Раҳмон 4 мисол овард

Сокинон аз гӯшаву канори кишвар дар тамоси телефонӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки ҳудуди 15 рӯз ба ин сӯ сокинони саросари Тоҷикистон шоҳиди қатъи бесобиқаи барқ ба манозили худ ҳастанд.

Ба қавли онҳо, дар навоҳии тобеъи марказ (Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт), вилояти Суғд (Конибодом, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич) ва вилояти Хатлон (Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Панҷ, Ҷайҳун, Ҷомӣ) гоҳо аз соати 09:00 субҳ то соати 17:00, гоҳе аз 10-и рӯз то 16-00 ва гоҳе ҳам то як-ду соат барқ хомӯш мешавад.

Ба қавли бархеи дигар, дар баъзе навоҳӣ мардум тамоми шаб ва дар баъзеи дигар тамоми рӯз аз барқ маҳруманд. Нозирҷон Ёдгорӣ дар шарҳи ин, ки чаро ҳатто шабона барқ қатъ мешавад, гуфт, дар давраи таъмир ба мардум аз хатҳои эҳтиётӣ барқ дода мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои солимгардонии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар медиҳад

“Хатҳои эҳтиётӣ иқтидори кам доранд ва қуввати бардошту интиқоли барқи заруриро надоранд.  Мо маҷбурем, ки мардумро ба таври маҳдуд бо барқ таъмин кунем. Он ҳам на дар ҳама ҷо, дар бархе ҷойҳое, ки тақозо зиёд аст, барқ марҳила ба марҳила ва кам интиқол мешавад”, - гуфт сухангӯи “Барқи тоҷик”.

Барқкушӣ дар Душанбе: кадом ноҳия ва маҳалла бе рушноӣ мемонад?

Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳрҳои кишвар – Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб мегӯянд, ҳамчунин барқкушӣ то ба ҳол мушоҳида нашудааст, ба истиснои мавориди садама, ки ба зудӣ бартараф мешавад. Дар Душанбе – пойтахти кишвар шикоят аз қатъи барқро сокиноне мекунанд, ки дар маҳаллаҳои канорӣ зиндагӣ доранд. Дар ин миён, вилояте, ки қатъи барқро таҷриба намекунад, Кӯҳистони Бадахшон аст.

Ин вилоятро “Помир Энержи”, як ширкати дигари тоҷикӣ бо барқ таъмин мекунад.