Аз Бӯстон ба Хуҷанд барои худкушӣ: зани 53-сола худро ба дарёи Сир андохт

Хушбахтона, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дарҳол худро ба дарё андохта, занро аз коми марг наҷот додаанд. Ӯ ҳоло дар беморхона аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дирӯз кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз худкушии як хонуми 53-сола пешгирӣ карданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Ин хабар ба Раёсат баъд аз зуҳр, соати 13:49 дақиқа расид ва гурӯҳи наҷот фавран худро ба ҷойи ҳодиса расонд, менависад манбаъ.

"Зан аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омадааст ва худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст", - тавзеҳ додааст КҲФ.

Наҷотдиҳандагон фаврӣ худро ба об заданд ва бонуеро, ки мавҷи пурхӯрӯши Сир қариб буд ба комаш кашад, чолокона ба соҳил оварданд.

Сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон баланд шуданд

Аввалин ёрии тиббӣ расонданд, ӯро ба ҳуш оварданд ва сипас ба бемористон маркази вилоят интиқол доданд.

Бино хабаре, ки субҳи имрӯз расид, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ба ҷонаш хатаре таҳдид намекунад.

Ин хонум то ба ҳол сабаби қасди ҷони худ карданашро шарҳ надодааст.

"Боз хонуме аз аҷал наҷот  дода шуд. Боз хонадонеро нагузоштанд, ки дар мотам нишинад. Боз як нафаре, ки мехост ба ҳаёти худ поён диҳад, аз чанголи марг раҳо ёфт. Инсонҳо баъзан аз ҳодисае дилгир мешаванд ва роҳеро интихоб мекунанд, ки гумон доранд, беҳтарин роҳ аст. Вале ҳолати стрес гузаранда аст", - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Раҳмон гуфт, киҳо, чанд, дар куҷо худкушӣ кардаанд? Аз артиш то зиндон ва навоҳӣ

Ҳоло ин бону ҳам, ки ба ҳуш омадааст, алабатта дар ин бора меандешад, вале агар наҷотдиҳандагон сари вақт намерасиданд, чӣ мешуд, суол гузоштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.