ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.
Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур дар ин муддат боридани боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола дар назар аст.
Боришҳои шадид метавонанд боиси он гарданд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву каналҳо боло равад. Аз соҳил берун шудани об метавонад хатаре ба заминҳои кишт, манзили мардум, пулҳо ва саддҳо шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳамнгоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода созанд, камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.