Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

“Ҳама зиндаем”: овозаву ҳақиқати хонаводаи Шодиевҳо дар Ҷаббор Расулов

Писари Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини 60 – солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки тахмин мешуд, аз гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” фавтидааст, мегӯяд, тайи 9 рӯзи қарантина дар ҳеҷ яке аз онҳо нишонае аз ину он маризӣ ошкор нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Ин хонавода вақте дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳо ва ҳам овозаву дарвозаҳо қарор гирифт, ки падари хонадон 1 апрел фавтид ва дар пайи марги ӯ 11 табибу парастори шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва тамоми узви хонаводаи ӯ бо қарантина фаро гирифта шуданд.

Даргузашти Ҳоҷимуҳаммад Тошев дар Ҷаббор Расулов: вазорати тандурустӣ сабабашро шарҳ дод

Ошкор шудани аломатҳои гуногуни маризӣ, аз қабили дарду гулӯву сар ва тасфи баланд дар табибону парастороне, ки Шодиевро таҳти муолиҷа гирифта буданд, мақомотро водор кард, онҳоро ба Хуҷанд бурда, қарантина кунанд. Ҳамчунин аъзои оилаи ӯ ба табобатгоҳи Ғулакандози ин ноҳия интиқол ёфтанд.

Марге, ки тамоми Тоҷикистонро ба ташвиш овард

11 апрел Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методистони шӯъбаи маорифи ноҳия, ҳамкори Абдуҷалил Тошев, раиси ин шӯъбаи маориф ва бародари Ҳабибуллоҳ Шодиев, низ бо ташхиси “ишемияи дил” фавтид. Ҳамчунин ин овозаҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов афтодаанд, ки чор узви оилаи Шодиев аз “вируси тоҷдор” фавтидаанд. Ин иттифоқот даст ба дасти ҳам дода, ин андешаро ба вуҷуд оварданд, ки “вируси тоҷдор” ба Тоҷикистон омада, аммо мақомот рӯи он парда меафкананд.

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода, писари Ҳабибуллоҳ Шодиев, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон нахуст дар бораи вазъи саломатии наздиконаш, ки бо иттифоқи ӯ дар қарантина қарор доранд, сӯҳбат кард.

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Вақте падар гузаштанд, чор рӯз пас бародарашон, амакам Абдуҷалил Шодиев тасф бароварданд. Пизишкон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамаи моро қарантина кунанд. 5 апрел ҳамаи аъзои оилаи мо иборат аз 18 нафар – шуруъ аз модарам то кӯдаки 1 солу семоҳаи бародарамро ба табобатгоҳи Ғӯлакандоз оварда, хобонданд. Ростӣ, ҳама шок шуда будем. Аммо Худоро шукр, имрӯз 9 – ум рӯзи қарантинаи мо аст, аммо ҳеҷ яке аз мо ҳатто тасф накардааст. Ҳоло дар чор утоқи табобатгоҳ ҷойгир шудаем. Вазъи ҳамаамон муътадил аст.

Ҳатто дору намехӯранд: вазъи сиҳатии пизишкони Ҷаббор Расулов

Овоза кардаанд, ки моро 14 рӯз пас гӯр мекунанд

Sputnik Тоҷикистон: Оё аз овозаву дарвозаҳое, ки дар бораатон ҳаст, хабар доред?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Бале, ба мо хешовандону ошноҳоямон занг зада, мегӯянд, ки дар берун дар бораи мо чӣ мегӯянд. Масалан, овоза кардаанд, ки модарам, ман, додарам ва ҷиянам, чор нафар гузаштаанд. Гуфтаанд, ки ҳамаи моро ях кунонда мондаанду баъди 14 рӯз бароварда, гӯр мекардаанд. Ман ба ҳама посух додам, ки Худоро шукр, ваъамон хуб аст, ҳама зиндаем. Дили кас сиёҳ мешавад аз ин овозаҳо, аммо ин ки мардум моро ёд мекунанду аз ҳоламон мепурсанд, дили моро ба зиндагӣ ва одамгарии ҳамватанонамон гарм мекунад.

Sputnik Тоҷикистон: Бо падаратон чӣ шуда буд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Аз он рӯз, ки он кас бистарӣ шуданд, то дами марг ман ҳамроҳи он кас будам. Ҳеҷ аз сари болинашон дур нарафтаам. Он кас кор дар саҳроро дӯст медоштанд. Оби хунук хӯрда буданд ва ҷигарашонро шамол зада буд. Тахминан рӯзҳои Наврӯз буд, ки аввал гулӯяшон дард кард. Мо фикр кардем, ки зуком шудаанд. Чанд рӯз дар хона муолиҷа кардем, ки вазъашон хуб нашуд. Рӯзи 28 март ба шифохонаи марказии ноҳия бурдем. Он ҷо ташхис карданд, ки пневмония ҳастанд, боз пневмонияи дутарафа, яъне вазнинаш.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

Ба қавли пизишкон, нишонаҳои ин маризӣ бо “вируси тоҷдор” монанд будааст. Аз ин хотир, ташхисҳои он касро ду маротиба ба вилоят ва аз он ҷо ба Душанбе фиристоданд. 1 апрел бояд ҷавобашро мегирифтем, ки субҳи барвақт падарам даргузаштанд. Духтурон рухсат надоданд, ки он касро барем. Гуфтанд, ки то омадани посухи таҳлил мунтазир мешавем. Соати 7 – и субҳ ҷавоб омад. Духтурон гуфтанд, ки ташхиси дуюм ҳам манфӣ баромадааст, аз ин хотир, метавонед падаратонро бурда, гӯру чӯб кунед.

Sputnik Тоҷикистон: Оё он кас ба Қирғизистон сафар карда буданд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ҳеҷ як аз 18 узви оилаи мо умуман ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Қирғизистону Ӯзбекистон сафар накардаем. Танҳо худам соли гузашта чор моҳ дар Русия будам ва 1 ноябри соли 2019 аз он ҷо баргаштаам. Sputnik Тоҷикистон: Падаратонро ҷое 59, ҷое 60-сола зикр карданд. Дақиқан синнашон чанд буд? Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Агар умр вафо мекард, он кас ҳамин 10 апрел синни 59 – ро пур карда, ба 60 қадам мемонданд.

Sputnik Тоҷикистон: Оё вазъи модаратон чӣ тур аст? Мегӯянд, ки он кас ҳам аз дарди дил ранҷ мебаранд ва вазъашон хуб нест...

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Модарам қабл аз падарам дар беморхона бистарӣ шуда буданд, чун маризии дил доранд. Он касро қабл аз падар ба шӯъбаи дили шифохонаи ноҳия оварда будем. Як рӯз пеш аз падар аз шифохона рухсат шуда буданд. Аммо марги падар барояшон сахт тамом мешавад. Чун ҳарду дар як рӯзу як сол таваллуд шуда, як зиндагии оддиву хушбахтона доштанд.

Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад

Sputnik Тоҷикистон: Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо хонаводаи Шумо чӣ робита дошт?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Худо раҳматашон кунад, он кас ҳамкори амакам – Абдуҷалил Шодиев дар шуъбаи маориф буданд. Бо оилаи мо равуо ё хешутаборӣ надоштанд. Он кас дар деҳаи Зарафшон, собиқ “Партсъезд” – и ҷамоати “Сомониён” зиндагӣ мекарданд.

Дар бораи қарантина ва шароити хизматрасонӣ

Sputnik Тоҷикистон: Оё Шуморо дар қарантина чӣ тур нигоҳубин мекунанд?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ҳар рӯз ду маротиба – саҳар ва баъди зуҳр - аз Хадамоти беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (СЭС) - и вилояту ноҳия ба хабаргирии мо омада, бо вазъи мо ошно мешаванд. Кормандони худи табобатгоҳ низ ҳар рӯз ду – се маротиба ҳарорати моро санҷида, ҳисобот медиҳанд. Як бор худи муовини вазири тандурустӣ моро хабар гирифта, бо ҳар яки мо сӯҳбат карданд ва рафтанд. Се вақт хӯрок медиҳанд. Ҳар рӯз болопӯшҳои ҷойгаҳамонро иваз мекунанд.

Мо аз ҳама, аз тамизкор (санитарка) - и одӣ сар карда, то табибу сартабибу кормандони ҳукумати ноҳияву шӯъбаҳои тандурустии ноҳияву вилояту вазорати тандурустии кишвар миннатдорем. Илоҳо, барака ёбанд.

Sputnik Тоҷикистон: То анҷоми қарантинаи шумо ҳоло 5 рӯзи дигар аст. Ташвиш надоред?

Ӯткир Ҳабибуллоҳзода: Ташвиш ку дорем, аммо ҳамоно ба Худо таваккал мекунем ва аз мардуми Тоҷикистон дуо металабем. Худо ҳамаи моро ҳифз кунад.