Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз ҷарима то зиндон: дар Ӯзбекистон барои таҳқири гирифторони коронавирус ҷазо ҷорӣ шуд

Агар ифшои ғайриқонунии маълумот дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, қонуншикан ба маблағи 44,6 миллион сӯм ҷарима карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон барои таҳқир кардани шахсоне, ки мубталои коронавирусанд ва ё дар қарантин қарор доранд, ҷавобгарӣ ҷорӣ намуд.

Фавти боз як нафар дар Ӯзбекистон: шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ба чаҳор нафар расид

Дар ин бора аз ситоди фаврии ҷумҳуриявӣ иттилоъ дода гуфтаанд, ҳоло барои таҳқири беморон ва ё паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии онҳо ба маблағи 9 миллион сӯм ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, агар пас ҷазои маъмурӣ кирдори ғайриқонунӣ такроран содир шавад, нисбат ба гунаҳгор ба андозаи 22,3 миллион сӯм ҷарима ва ё то 300 соати хизмати ҳатмии ҷамоатӣ ё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ҷорӣ карда мешавад.

Манбаъ мегӯяд, агар ифшои ғайриқонунии маълумот дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, қонуншикан бо ҷарима ба маблағи 44,6 миллион сӯм ё то 360 соати хизмати ҳатмии ҷамъиятӣ ё то 3 сол маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрумият аз озодӣ ҷазо дода мешавад.

Дар Ӯзбекистон 30 кас аз коронавирус шифо ёфт

Вазорати тандурустии Ӯзбекитон гуфт, танҳо давоми рӯзи гузашта 19 нафар бемор шифо ёфта, шумораи умумии онҳо ба 61 нафар расид.

Коронавирус нахустин бор аз як сокини ин кишвар, ки аз Фаронса бармегашт, дарёфт гардид.

Шумори умумии мубталоёни коронавирус имрӯз дар ин кишвар ба 685 нафар расида, ҳалокшудагон аз ин беморӣ чор нафар мебошанд.