ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Озмойишгоҳи дӯзандагии риштаи фанноварӣ ва тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тавлиди ниқобҳои тиббиро оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва фанноварии ҶТ, мутахассисони ришта тарроҳии маскҳоро анҷом доданд ва омӯзгорони донишҷӯён ба дӯхтудӯзи маскҳо пардохтанд.
Онҳо то ҳол беш аз 1,3 ҳазор дона маск тавлид карданд. Раёсати донишгоҳ мехоҳад, ки дар сурати зарурӣ кормандону донишҷӯёни худро, ки шуморашон ба 6 ҳазор нафар мерасад, комилан бо маскҳо таъмин кунанд.
Шалвор ниқоб мешавад: ширкатҳои Тоҷикистон ба тавлиди ниқобу либоси хоси тиббӣ рӯ оварданд
Ёдовар мешавем, ки вазорати саноати Тоҷикистон барномаи таъомули беҳсозии коронавирус COVID-19-ро таҳия карданд. Бар асоси ин барнома, 20 ширкати Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиоложии мардуми кишвар тавлиди маск ва дигар василаҳои муҳофизаиро оғоз карданд.
Тавони тавлиди шаборӯзии ширкатҳо дар кулл 150 ҳазор дона маск буда, ҳоло дар як шаборӯз 45-50 ҳазор дона маск тавлид мегардад.