ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Даршаҳри Хоруғ Ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Тараннумгари сухан" ҷамбаст гардид.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, чорабинӣ бо садо додани гимни ҷашнвора шурӯъ гардида, сипас сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов ҳамагонро бо ҷамбасти фестивали мазкур табрику шодбош гуфт.
Қурбонмамадов қайд кардааст, ки ҷашнвора таи як ҳафта дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дошта ва хонандагон аз он илҳоми тоза гирифтанд.
Дар чорабинӣ инчунин мушовири раёсати маорифи вилоят Нуқра Сабзалиева, директори фестивал Муҳаббат Назарбекова, шоирону нависандагон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, толибилмони мактабҳои шаҳру ноҳия аз ашъори шоирону нависандагон панду андарзҳо ва шеърҳоро дар бораи китоб, илму дониш кирорат карданд.
"Иштирокунандагони фаъоли Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон" аз ҷониби шуъбаи фарҳанги вилоят, раёсати маорифи вилоят ва Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ ба ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар охир толибилмони мактабҳои шаҳру ноҳияҳо ва мактаби санъати шаҳр барномаи рангини консертиро пешкаши тамошобинон намудаанд.