ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур раиси Маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар шаҳри Теҳрон эълон кардааст, ки дар 24 соати гузашта якҳзору 837 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”дар истинод ба радиои бурунмарзии Садои Хуросон.
Дар ҳамин ҳол, Киёнуши Ҷаҳонпур афзудааст, шумори умурии беморони ин вирус дар Эрон ба 70 ҳазору 29 нафар расид.
Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки дар 24 соати ахир фавти 125 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ аз вируси корона дар Эрон 4 ҳазору 357 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.