ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, теъдоди мубталоёни коронавирус давоми рӯз 35 нафар афзоиш ёфта, шумори умумии он ба 729 нафар расид.
Ин дар ҳолест, ки вазорат соати даҳи имрӯз аз гирифтории 694 нафар хабар дода буд.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин аз шифо ёфтани 3 нафар имрӯз хабар додааст.
Рӯзи ҷумъа шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташудаи коронавирус ба 669 нафар расид, ки дар пайи он се бемор вафот кард ва 42 нафар шифо ёфт.
"То 11 апрели соли 2020 соати 10.00 ( 8.00 ба вақти Маскав) дар Ӯзбекистон шумораи мубталоёни коронавирус ба 694 нафар расид", - омадааст дар изҳороти субҳи вазорати тандурустӣ дар саҳифаии Telegram.
Тибқи иттилои вазорат, ҳама ҳолатҳои тасдиқшуда дар байни шаҳрвандоне муайян карда шуданд, ки дар шароити статсионарӣ карантин шудаанд.
Ҳукумати Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ сарҳадоташро баст, алоқаҳои заминиву ҳавоияшро боз дошт, чанд шаҳрҳояшро карантин кар.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март бемории коронавирусро дар ҷаҳон пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 1,6 миллион ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 92,7 ҳазор нафар ҷон додаанд.
Ёдовар мешавем, нахустин нишонаҳои коронавирус санаи 15 март дар як сокини Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт пайдо шуд.