Парванда алайҳи падар барои духтартӯй дар Турсунзода: ду бор зиёфат додааст

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Ҳикматулло Болтаевро барои вайрон намудани қонуни танзим бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ, Ҳикматулло Болтаев сокини шаҳри Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Даҳбед, хилофи талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Точикистон” амал намудааст.

Ҷаримабандии 500 шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим

Манбаъ мегӯяд, номбурда санаи 24 январи соли ҷорӣ бе қайд дар мақомоти ваколатдор зиёда аз 35 нафарро ба хонааш даъват намуда, ба муносибати туйи арӯсии духтараш Болтаева С. зиёфат додааст.

“Инчунин, номбурда 25 январи соли 2020 аз сармутахассиси дамоати деҳоти Қаратоғ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тавсиянома барои гузаронидани оши арӯсии духтараш Болтаева  Сурайё гирифта, хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст”, - афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорй қонунвайронкунии мазкур ошкор ва нисбат ба Болтаев парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Дафтари матбуотии Прокуратураи генералӣ мегӯяд, бо қарори суди шаҳри Турсунзода аз 18 феврали соли 2020 шаҳрванд Болтаев Ҳ.Ҳ. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда дарима барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд.