ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Теъдоди умумии дардмандони коронавирус дар Русия ба 13 584 нафар баробар аст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ оиди ин беморӣ.
Ба иттилои манбаъ. танҳо шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Русия ҳудуди 1667 нафар ба коронавирус гирифтор шуданд.
Сирояти ин теъдоди дардмандон дар 49 манотиқи Русия сабт гардид.
Зикр мегардад, ки то 11 - уми апрели соли ҷорӣ, теъдоди гирифторони коронавиус дар Русия ба 13 584 нафар расидааст. Шабонарӯзи гузашта 12 мариз ба ҳалокат расиданд ва акнун теъдоди қурбониёни коронавирус дар Русия ба 106 нафар баробар шуд.
Паҳншавии босуръати коронавирус дар Русия: 1154 нафар дар як шабонарӯз сироят шуданд
Ёдовар мешавем, ки қаблан роҳбари Оҷонси федералии биотиббӣ Вероника Сквортсова гуфта буд, ки авҷи ин маризӣ дар Русия тобистон хоҳад омад.
Мамлакат то даҳаи аввал ё нимаи моҳи июн ба баландтарин авҷи худ расида, пас аз ин давра, эпидемия муддате идома хоҳад ёфт ва сипас рӯ ба коҳиш мениҳад.