Боздиди раиси Хатлон аз пистазорҳои Саймурод Давлатов дар Ҷайҳун

Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон, дар ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолияти чанде аз хоҷагиҳои пиёзкор шинос шуда, аз боғҳои навбунёди пистаю бодом боздид кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik.  Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун бештар бо пиёзу сабзикорӣ ва лимӯпарварӣ машҳур буда, маҳсулоти парваридаашон на танҳо дар бозорҳои дохили мамлакат, балки дар хориҷи кишвар низ харидори бисёр дорад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Манбаъ афзуд,  ба раиси вилоят маълумот доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 16 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар 3721 гектар пиёз, зиёда аз 2000 гектар полезӣ, 300 гектар картошка кишт гардидааст.

“Пиёзкорони ноҳия тӯли 4-5 рӯзи охир ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, аллакай ба содироти маҳсулоташон ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ оғоз кардаанд. Ҳамзамон дар майдони қариб 100 гектар аз кишти такрории мавсими гузашта захираи сабзӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани талабот чида ва фурӯхта хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, Маркази тақсимоти яклухти “Хатлон” амал мекунад, ки бо сармояи он дар масоҳати 65 гектар боғи нави бодом, шафтолу ва писта бунёд гардидааст. Ин боғ бо ибтикори соҳибкор Саймурод Давлатов дар заминҳое, ки солиёни зиёд бекор хобида буд, бунёд шудааст.

Баҳои баланди Раҳмон ба Давлатов, ки ҳаҷ нарафту маркази хизматрасонӣ сохт

Ба раиси вилоят иттилоъ додаанд, ки дар ин мавзеъ 13 ҳазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Аз ҷониби соҳибкор ба ин мавзеи беоб аз масофати 4,5 километр об оварда шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд. Ба қавли мутахассисон, пистаи мазкур пас аз 4 сол ба ҳосил даромада, то ҳосилдеҳ шуданаш дар замини байни ниҳолон тарбуз ва нахӯд кишт карда мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба фаъолияти боғдории масъулони ин мавзеъ баҳои баланд дода, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои минбаъдаи соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.