Баргузории мусобиқаи UFC лағв шуд: Дана Уайт гуфт, ба ӯ аз боло занг заданд

Қаҳрамонии UFC, ки мебоист 7 рӯз пас баргузор шавад, дар пайи сирояти бошиддати коронавирус дар ҷаҳон лағв гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар ин бора раҳбари UFC Дана Уайт эълом карду гуфт, мусобиқаи навбатӣ ба замони дигар гузошта шуд.

Расман рақиби нави Тонӣ Фергюсон муайян шуд

Ӯ дар шарҳи лағви чорабинии навбатии UFC гуфтааст, ба ӯ аз боло занг зада гуфтаанд, ки мусобиқотро доир накунад.

Баргузории мусобиқаи UFC замоне гуфта мешуд, ки тамоми чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ ва ҳатто Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бинобар паҳншавии коронавирус ба таъхир афтоданд. Раҳбарият UFC новобаста аз ин ҳолат талош дошт чорабиниро баргузор намояд, аммо муваффақ нашуд.

Президенти UFC рӯзи гузашта гуфт,  мусобиқаро моҳи оянда дар ҷазира доир мекунад.

Ӯ ба размикорони ширкаташ гуфтааст, хавотир набошанд, зеро ҳама чиз омода аст ва мусобиқа дар ҷазира моҳи оянда доир мегардад.

Ба гуфти ӯ, ҳамин ки корҳои омодагиро анҷом медиҳанд, мефаҳмад, ки кадом размикор омодаи рақобат аст.

Дана Уайт гуфтааст, ҳатто метавонад варзишкоронро пешакӣ ба ҷазира барои тамриноти пешакӣ фиристад.

Мусобиқаи навбатии UFC қарор буд 18 апрел дар Амрико баргузор шавад. 

Пурсарусадотарин дидори ин мусобиқа мебоист муҳориба Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тони Фергюсон бошад, аммо бо сабаби бастани сарҳадоти Русия дар пайи паҳншавии коронавирус варзишкори доғистонӣ натавонист ба ИМА парвоз кунад ва  UFC ҳарифи ӯро дигар кард.