"Барои занони ҷасур": нашри намоҳанги нави Фирӯза Ҳафизова - видео

Фирӯза Ҳафизова сарояндаи эстрадаи тоҷик намоҳанги нави худро зери унвони "Озодам макун" дар шабакаи Youtube нашр кард
Sputnik

Фирӯза Ҳафизова намоҳанги нави худро рӯзи 2 апрел дар Youtube нашр кард.

Дар ин бора Фирӯза дар саҳифааш дар Instagram хабар дода гуфтааст, ки ин сурудро ба занони ҷасур мебахшад.

"Ман Фирӯзае, ки роҳи тӯлонии сахтиҳову шикастҳо, хиёнату ранҷ, фиребу дардро убур кардаму бо инояти Худо худамро сохтам Фирӯзаи имрӯза. Ва ҳар инсоне, ки маро ҳукм мекунаду зиндагии маро бо бадиву ҳасуду рашк қисса мекунад, як бор пойафзолашро кашида роҳи тайкардаи маро гузарад баъд ҳарф занад. Барои ҷасорати худам ва барои занони ҷасуре, ки даст поён намекунанду талоши зиндагии арзанда доранд тозатаронаи худро мебахшам. Занону модаронро гиромӣ донед, ишқро бадном накунед ва ҳамеша инсон буданро фаромуш насозед", - навиштааст Фирӯза.

Намоҳанг таҳти мудирияти Меҳроби Мирзо омода шудааст. То имрӯз намоҳангро беш аз 52 ҳазор кас боздид карда, зиёда аз 1000 нафар писандидааст.

"Фу мегум, фу ": шикваи Фирӯза Ҳафизова дар намоҳанги ҷадидаш аз ғайбати мардум

Мусиқии сурудро Искандар Тоҳиров танзим кардааст.

Ахиран Фирӯза Ҳафизова намоҳангеро зери унвони "Фу мегум, фу" нашр кард ва барои мазмуни пасти сурудаш зери танқиди мардум монд. Фарҳангиён Фирӯзаро дар нақзи ахлоқи сарояндагӣ маҳкум карданд.

Худи сароянда дар ин намоҳангаш аз шеваи бархӯрди мардум ба ҳаёти шахсӣ ва ҳунарии худ нигаронӣ мекунад, ва изҳор медорад, ки дар қиболи ӯ ҳар гуна гапҳои носазо гуфта мешавад.

"Гоҳе маро маст мебароранду гоҳе девона, гӯё ман бахил ҳастаму дуруғгӯ. Охир шумо ба ман чӣ кор доред", - бо шиква мегӯяд Фирӯза.