Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

Чанде қабл дар қисмати ғарби Маскав дар як хонаи шахсии пиронсолон сӯхтор сар зад. То омадани сӯхторнишонон муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба кӯмаки пирони барҷомонда шитофта, онҳоро аз коми оташ наҷот доданд
Sputnik

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон бегоҳи 8 - уми апрел рух дод. Сабаби оташсӯзӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад.  Оташ нахуст аз таҳхона шурӯъ шудааст.

Сӯхтор дар беморхонаи Андиҷон, ки таҳти қарантина аст

То омадани гуруӯи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нахуст шуда ба кӯмаки пиронсолон шитофтанд. Чун алангаи оташ зуд паҳн мешуд, аз ин рӯ муҳоҷирон саъй намуданд, то зудтар солхӯрдаҳоро аз бино берун оранд.

Гуфта мешавад, аксари пиронсолон қобилияти роҳ рафтанро ҳам надоштанд ва муҳоҷирон онҳоро ба бағал гирифта аз бинои дар ҳоли сӯхтор қарор дошта ба берун бароварданд.

Пешниҳоди қадрдонии 2 ҷавон барои наҷоти духтар аз сӯхтор дар беморхона-видео

Зимнан, дар Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав тасдиқ намуданд, ки дар наҷот додани пиронсолон саҳми муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бисёр бузург аст ва ваъда дрданд, ки қаҳрамононро ҳатман қадрдонӣ мекунанд.

Бар хабари Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ, аснои сар задани сӯхтор дар бино 53 нафар, аз ҷумла 48 меҳмон ва панҷ корманд қарор доштанд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.