Ҷаласаи ғайринавбатии Ҳакимзода дар пайи барфрезӣ: аз дудмонӣ дар боғҳо то кӯчондани чорво

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар пайи барфрезии шадид субҳи имрӯз, 9 апрел, ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тақвияти кори Ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ таҳти роҳбарии бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо, андешидани тадбирҳои фаврӣ барои пешгирӣ аз хисороти заминҳои кишт ва боғу токзорҳо, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замини киштбоб мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур буд, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилоят.

Борону барф дар Наврӯз: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ба иттилои манбаъ, Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки бориши борону барфи шабонарӯзи охир, боду ҳавои ноустувор ва поинравии ҳарорат метавонад ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, чорво зиён расонида, боиси сармохӯрдагии долу дарахтон гардад. Дар баъзе ноҳияҳо баландии барф ин субҳ то 15 сантиметрро ташкил додааст.

Бо дарназардошти ин, раиси вилоят ба масъулон дастур додаст, ки ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани чорво, таъминот бо хошокиҳо, муҳофизати ҳосили боғу токзорҳо, ташкили обёрӣ ва дудмонӣ дар боғу токзор, кушодани ҷӯяк ва ҷӯйборҳои поёноби киштзорҳо, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасони кишоварзӣ, ки ҳангоми пастравии ҳарорат афзоиш меёбанд, чораҳои мушаххас андешанд.

Изҳороти КҲФ ва пешгӯии ҳавошиносон: роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ

Маъмурзода афзуд, ки ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода барои огоҳонидани сокинони вилоят аз эҳтимолияти таъсири боду ҳавои ноустувор, худдорӣ намудан аз гаштугузори бидуни зарурат, тозакунии ҷӯйбору каналҳои назди биноҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна хасрӯба, партовҳо, ҳамзамон истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ дастур дод.

Дар ҷаласа доир ба зарурати афзоиш додани майдонҳои кишти ғалладонагӣ, сабзавот, донагиҳо, картошка, бардоштани 2-3 ҳосил дар як сол низ сухан рафтаст.

Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон бо зикри таъсири манфии бемории паҳншудаи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, ба масъулон супориш дод, ки ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои тиббию таълимӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.