Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард

Дар дохили ҳавопаймо асосан хориҷиён - шаҳрвандони кишварҳои урупоӣ ҳузур доранд. Ҳавопаймо субҳи имрӯз аз Душанбе ба Мюнхен парвоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Субҳи рӯзи 8 апрел, соати 7:20  ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар самти  Душанбе –Мюхени Олмон парвози махсус анҷом дод. 

Дар дохили ҳавопаймо аслан хориҷиён - шаҳрвандони кишварҳои урупоӣ ҳузур доштанд, хабар медиҳад "Авеста".

Муроҷиати “Сомон эйр” ба мусофирон: аз интернет чипта нахаред, онҳо қалбакиянд

Ҳамчунин масъалаи парвози ҳавопаймои ин ширкат ба шаҳрҳои Маскав ва Истамбул дар назар аст.

"Моро баргардонед”: муроҷиати дармондагони тоҷик дар Истамбул ба президенти Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки парвози махсуси ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар ҳоле сурат мегирад, ки оғоз аз 20 марти соли равон Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро дар робита бо хуруҷи вируси COVID -19 дар бисёре аз кишварҳои дунё  қатъ намуда буд.

Ҳадафи он пешгирӣ аз зуҳури ин вирус ва таъмини саломатии аҳолии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Ногуфта намонад, ки ширкати "Сомон Эйр" пас аз қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон чанд маротиба барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, парвозҳои махсус анҷом дода буд.

Қаллобон хоб намераванд: чӣ гуна бояд аз маккорон дар давраи коронавирус эмин шуд

Чанде пеш ширкати "Сомон Эйр" мардумро аз фаъол шудани қаллобон ҳушдор дод, ки ба шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ чиптаҳои қалбакӣ пешниҳод мекунанд.