ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар толори Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ вохўрии вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо кормандони фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардид.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар вохӯрӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода, мудирони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ ва собиқадорон иштирок намудаанд.
Тибқи итилои манбаъ, Давлатзода аз хусуси густариши омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият баромад намуда, хабар додааст, ки театри шаҳри Хоруғ аз калонтарин иншооти ҷашнӣ ба шумор меравад.
"Бо иқдоми президент дар ҳудуди ВМКБ чандин иншооти фарҳангӣ бунёд гардида, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ сохтмони калонтарин иншооти ҷашнӣ -театри замонавӣ ба роҳ монда шуда, ният аст, ки то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад", - гуфтааст вазир.
Давлатзода таъкид кардааст, ки ҳар як корманди фарҳанг бояд дар самти нигоҳ доштан ва пеш бурдани маданияти волои меҳани худ саҳмгузор бошад, зеро ҳар як меҳмону сайёҳ мардуми ин сарзаминро маҳз бо тамаддун ва фарҳанги пурғановаташон мешиносанд ва ба он баҳогузорӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар ин дидор, сардори шуъбаи фарҳанги вилоят Сайёд Қурбонмамадов аз рафти корҳои фарҳангиёни вилоят гузориш дода, қайд кард, ки минбаъд низ кормандон кушиш менамоянд, то фаъолиятро боз баҳри муаррифии ҳар чӣ бештари фарҳанги диёр густариш бахшанд.
Манбаъ афзуда, ки дар фарҷоми вохурӣ ба як қатор кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, собиқадорон аз номи вазорати фарҳанги Чумхурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, шуъбаи фарҳанги вилоят ва иттифоқи касаба мукофоти пулӣ, ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудаанд.