Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин дар бораи хонанишинӣ: интихоби дигар нест

Зимни муроҷиати навбатӣ ба халқи Русия, президенти кишвар Владимир Путин гуфт хастагии онҳоро аз хонанишинӣ мефаҳмад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни муроҷиат ба губернаторҳо аз мардуми Русия даъват кард, ки қарантинаро риоя кунанд.

Зимни муроҷиати навбатӣ ба халқи Русия, президенти кишвар Владимир Путин гуфт, хастагии мардумро мефаҳмад.

"Мефаҳмам, ки аллакай хаста шудаед, бори вазнини молӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра ҷамъ шудааст. Зиндагии муқаррариатон халалдор шуд. Аксариятро бандон будан миёни чор девор дилтанг мекунад. Вале, интихоби дигар нест", - гуфт президент.

Ҳамчунин кишвардор аз мардум даъват кард, ки ин санҷишро ба хубӣ паси сар кунанд, чун самаранокии мубориза бар зидди коронавирус аз рафтори ҳар як шаҳрванд вобаста аст.

Путин авҷи аълои эпидемияи коронавирусро дар ҷаҳон эътироф кард

Ёдрас мешавем, ки дар муроҷитаи пештар президенти кишвар Владимир Путин рӯзҳои таътилро то 30 апрел тамдид кард.

Путин то охири апрел истироҳат эълон кард: вазъ дар Маскавро ҷиддӣ хонд

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

Бино бар омор то имрӯз, коронавирус дар 208 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. 

Тибқи охирин омор дар ҷаҳон 1 358 943 кас гирифтори коронавирус шудааст. Ин беморӣ ҷони 71,2 ҳазор касро гирифта, пизишкон то имрӯз 272,8 ҳазор нафарро табобат кардаанд.

То рӯзи 8 апрел дар Русия 8672 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.