ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми апрели соли 2020, тахминан соати 17:20-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.
Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Авенсис", Одинаев Лоиқбеки 32 - сола, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, ноболиғ Маликова Фирӯза Шодимаҳмадовна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Бӯстон, хонандаи синфи 1-уми МТМУ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикисстон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.