Ҳатто дору намехӯранд: вазъи сиҳатии пизишкони Ҷаббор Расулов

Вазъи 11 пизишку парастори шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буданд, рӯ ба беҳбудӣ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Алишер Абдураҳимов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ду рӯз пеш бо иттифоқи 10 ҳамкори дигараш бо гумони гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буданд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи сиҳатии онҳо хеле беҳбуд ёфта, ҳатто дору ҳам истеъмол намекунанд.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

“Мо амалан дар қарантина қарор дорем, бо ин ки ташхиси мо манфӣ баромада ва ҳеҷ хатаре ба саломатиамон нест. Ин ҷо ки даромадӣ, ҳатмӣ 14 рӯзи қарантинаро ба охир расонда, баъд ба хона рухсат мешавӣ. Худоро шукр, ки ҳамагӣ ҳолати хуб дорем ва ҳеҷ аломате аз бадшавии вазъамон дида намешавад”, - гуфт Алишер Абдураҳимов.

Алишер Абдураҳимов рӯзи 5 апрел бо иттифоқи ҳамкоронаш дар шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд замоне ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи терапия интиқол ёфтанд, ки пас аз тамос бо як маризи фавтида дар онҳо дардҳои гуногун, назири сардардӣ, нафастангӣ ва тасфи баланд, аломатҳои махсуси “вируси тоҷдор” падид омад.

Дар пайи ин маризии ҷамъӣ шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов қарантина шуд ва ҳам пайвандони шахси марҳумро низ ба табобатгоҳи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти назорати пизишкӣ қарор гирифтанд.

Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад

Ин хабар дар ҷомиаи Тоҷикистон бахусус дар пасманзари ин ки як кишвари озод аз “вируси тоҷдор” боқӣ мемонад, сарусадои зиёдеро ба бор овард. Аммо ташхиси пизишкону парасторони ноҳияи Ҷаббор Расуловро вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон манфӣ эълон кард ва ин сарусадоҳо ҳам фурӯкаш шуданд.

То лаҳзаи омода шудани ин хабар дар саросари ҷаҳон 1 миллиону 346 ҳазору 974 нафар ба “вируси тоҷдор” гирифтор шуда, 74 ҳазору 702 тан фавтида, 278 ҳазору 698 кас шифо ёфтаанд.

Даҳгонаи кишварҳое, ки дар ҳоли ҳозир бо мавориди бештарини ин маризӣ дасту панҷа нарм мекунанд, ИМА, Испания, Италия, Олмон, Фаронса, Чин, Эрон, Бритониёи Кабир, Туркия буда, аз кишварҳои ИДМ мавориди бештар дар Русия (6343) сабт шуда, дар Украин, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи гирифторон болотар аз 1320 нафар нест.

Теъдоди гирифторони ин вирус дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба истиснои Чин, хостгоҳи ин вирус, дар Ӯзбекистон (457), Афғонистон (367) ва Қирғизистон (216) рӯ ба афзоиш аст.