Вазири тандурустӣ гуфт, чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, сабаби ба кишвар ворид нагаштани коронавирусро ба чораҳои пешбинишуда барои пешгирии ин беморӣ рабт дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазири тандурустӣ дар суҳбат бо сомонаи “Pressa.tj”  сабаби ворид нашудани коронавирус ба кишварро шарҳ дода гуфтааст: “Тамоми шаҳрвандоне, ки вориди кишвар шуданд, новобаста аз ҳарорати бадан, аломатҳои беморӣ доштан  ё надоштан, мо пурра онҳоро ба карантин фаро гирифтем".

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

Номбурда гуфт, тибқи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  карантин 14 рӯз пешбинӣ шудааст. Умуман, 20-25 фоиз онҳое, ки гирифтори коронавирус ҳастанд, аломат надоранд. Инро аломати бесинтомӣ мегӯянд. Аллакай метавонанд, ки ҳамончун сироятёфта ба дигарон сироят расонанд.

Ба гуфти вазири тандурустӣ, имрӯз дар Тоҷикистон озмоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 8 нафар вирусологҳои кишварро барои дақиқ кардани коронавирус дар Маскав омӯзонидаанд.

"Мо  22 нафарро дар озмоишгоҳҳои худамон аз ташхис гузаронидем. Барои муқоиса лозим донистем, ки намунаи онҳоро ба шаҳри Лондон фиристем. Хушбахтона, дар шаҳри Лондон низ набудани коронавирус дар ин нафарон тасдиқи худро ёфт”,-афзудааст Насим Олимзода.

Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Олимзода ҳамчунин хабарҳои ахир дар бораи марги як нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки гӯё  аз коронавирус ба  марг расидааст, бепоя хонда, гуфт: “Ин хабар асос надорад. Воқеан, ин нафар 10-12 рӯз пеш бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буд. Мо 30-юми март аз ин бемор ташхиси коронавирусро гирифтем, хушбахтона, он тасдиқи худро наёфт. Зимнан, ҳамасола 3000-3500 нафар дар Тоҷикистон аз бемории илтиҳоби шуш ё ба ибораи тиб пневмания ба ҳалокат мерасанд”.

Полетаев гуфт, чаро коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ баъд аз Туркманистон ягона кишварест, ки аз бемории коронавирус эмин  мондааст ва Насим Олимзода низ таъкид кард, ки то имрӯз ягон ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта нашудаас.

Қаблан Эдуард Полетаев роҳбари Фонди ҷамъиятии "Дунёи Авроосиё" (Қазоқистон) низ сабаби ба ду кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Туркманистон роҳ наёфтани коронавирусро шарҳ дода гуфт, онҳо пеш аз ҳама, дар қаъри қитъа ҷойгиранд ва сокинони онҳо кам ба хориҷ мераванд.

Коршинос гуфтааст, Қазоқистон ва ҳатто Ӯзбекистон бо ҷаҳони хориҷа робитаи хубе доранд ва ҳавопаймоҳои маҳаллияшон низ хуб фаъол аст, ки ин ҳолат дар Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдудтаранд.

"Тоҷикистон хело  хушбахт аст, зеро қисми зиёди шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар кор мекунанд. Аммо инҳо одамон ҳастанд - асосан оддӣ ва меҳнатдӯст. Коронавирусро ба минтақа одамони тавоно оварданд”,- гуфт Полетаев.

Гузашта аз ин, Қазоқистон як давлати транзитӣ барои бақияи кишварҳои Осиёи Марказист (молҳо, борҳо ва муҳоҷирони корӣ тавассути Қазоқистон ба Русия интиқол меёбанд), ки аввалин шуда сарҳадро баст ва бо ин роҳ амнияти кишварҳои дигари минтақаро таъмин кард, мегӯяд сиёсатшинос.