ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шабакаи телевизионии "Варзиш" бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва нафарони боистеъдод, ҳамчунин коршиносони варзидаи соҳа озмун эълон менамояд, хабар додаст сомонаи расмии ин муассисаи давлатӣ.
Ба иттилои манбаъ, озмун барои ишғоли вазифаҳои сардори шуъбаи тиҷорат, муҳаррир, муҳаррири хурд ва шореҳ гузаронда мешавад.
“Ҳар нафаре ки маҳорату малакаи суханварӣ дорад ва аз донишҳои варзишӣ бархӯрдор аст, метавонад дар яке аз ин риштаҳо шореҳи телевизиони варзиш бошад: гӯштин, хоккей, волейбол, боскетбол, гондбол, теннис, шоҳмот ва варзиши якҳарбаҳои шарқӣ”, - таъкид шудааст дар эълон.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 1 то 30-уми апрели соли 2020 муайян карда шудааст. Ба иттилои масъулин, довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи info@varzishtv.tj пешниҳод намоянд.
Шабакаи “Варзиш” афзуд, ки довталабони беҳтарин барои сӯҳбати касбӣ даъват карда мешаванд.
Аз довталабон даъват карда шудааст, ки барои иттилои бештар бо телефони 2219064 дар тамос шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин муассиса бо мутахассисоне, ки маҳорати баланди таҳияи барномаҳои варзишӣ доранд, тариқи шартнома ҳамкорӣ менамояд.