Раҳмон гуфт, киҳо, чанд, дар куҷо худкушӣ кардаанд? Аз артиш то зиндон ва навоҳӣ

Дар Тоҷикистон барномаи махсуси чорсола барои пешгирӣ аз худкушиҳо ва сӯиқасд ба ҷони худ қабул карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023 қабул гардида, ҳадафи он пешгирии сабабҳо мебошад, изҳор дошт Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ.

Шарҳи ВКД оиди худкушии хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Мастчоҳ

Юсуф Раҳмон омори худкушиҳо дар Тоҷикистонро дар соли 2019 ва қиёс бо соли пешӣ ироа кард, ки тибқи он дар бархе навоҳӣ ин зуҳурот якбора боло рафтааст.

Ба иттилои ӯ, соли 2019 дар кишвар  632 ( соли 2018 - 581) ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 104 (102) нафарашонро ноболиғон ва 170 (144) нафарашонро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд.

Ба иттилои расмӣ, афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии  Б. Ғафуров-48/37, Истаравшан-28/26, Гулистон-9/5, Ҷ. Расулов - 18/13, Спитамен-22/15, Деваштич-20/14, Зафаробод-16/9, Шаҳристон-8/4 сабт шудааст.

Раҳмон дар мавриди вилояти Хатлон афзуд, ки дар Ҷайҳун-7/1, Қубодиён-9/5, Данғара-16/11, Ш. Шоҳин-7/1 ҳолати худкушию сӯиқасд ба қайд гирифта шудааст.

Дарёфти ҷасади марди 42 - сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб

Аз қиёси омори ироакардаи Раҳмон бармеояд, ки дар шаҳру навоҳии ВМКБ худкушиҳою сӯиқасд дар соли 2019 нисбати соли пешӣ аз 4 то 6 маротиба зиёд шудаанд.

Аз ҷумла дар ВМКБ - Хоруғ-9/2, Рӯшон-4/1, Роштқалъа-4/1, Ишкошим-6/0 ҳодисаҳои худкушию сӯиқасд ба ҷони худ сабт гардидаанд.

Омори афзоиши худкушиҳо дар  шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, ки нашрияи “Садои мардум” аз қавли Юсуф Раҳмон нашр кардааст,  дар ноҳоияи Фирдавсӣ-10/9, шаҳру ноҳияҳои Роғун-3/1, Тоҷикобод-12/3, Турсунзода-15/11, Файзобод-10 ададро ташкил медиҳад.

Додситони кул инчунин иттилоъ додааст, ки ҳамчунин, дар ин давра 9 (4) нафар хизматчии ҳарбӣ ва 1 (1) нафар маҳбус даст ба худкушӣ задаанд.

Ӯ афзуд, ки вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расонидан 51 (43) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.