Омори гирифторону шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар ИДМ ва ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир миёни кишварҳои ИДМ коронавирус дар Русия бештар авҷ гирифта, шумори мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар ба 7494 нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар Русия дар як шабонарӯз 1154 ҳолати нави сироятёбӣ коронавирус ё COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии мубталоён ба ин вирус ба 7494  нафар расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазоратит тандурустии Тоҷикистон дар такя ба маълумоти ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ).

Паҳншавии босуръати коронавирус дар Русия: 1154 нафар дар як шабонарӯз сироят шуданд

Инчунин тибқи маълумоти СҶБ,  дар Украина ва Арманистон низ шумораи нафарони гирифтор ба коронавирус афзоиш ёфта, дар ҳоли ҳозир Дар Украина 1462 нафар ва дар Арманистон 853 нафар ба ин вирус мубтало шуданд.

Дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Беларус (700), Қазоқистон (670), Қирғизистон (228), Молдова (965), Озарбойҷон (641) ва Ӯзбекистон (470) шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 низ рӯ ба афзоиш дорад.

Вазири тандурустӣ гуфт, чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Ҳамзамон дар баробари зиёдшавии гирифторон дар ҳамаи ин давлатҳо афзоиши шумораи беморони шифоёфта низ ба назар мерасад. То имрӯз дар Россия 494 нафар, Арманистон — 87, Беларус — 53, Қазоқистон — 47, Озарбойҷон — 44, Молдова — 37, Қирғизистон — 33, Ӯзбекистон – 30 ва Украина – 28 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Шумораи фавт бошад, Россия 58 ҳолат, Украина – 45, Молдова – 21, Беларус – 13, Арманистон – 8, Озарбойҷон – 7, Қазоқистон — 6, Қирғизистон — 4 ва Ӯзбекистон — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ҷуз аз Тоҷикистон ва Туркманистон ин бемори дар дигар давлатҳо доман паҳн кардааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 56 нафар зиёд шуда, 423 нафарро ташкил медиҳад, ки 18 каси онҳо шифо ёфта, 11 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 349 ҳазору 784 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 74 ҳазору 820 нафар вафот карда, 286 ҳазору 664 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 412 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар Русия навзодеро ба хотири коронавирус Ковид номгузорӣ кардаанд

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (367 650 нафар), Испания (136 675), Италия (132 547), Германия (103 375), Франсия (98 010), Чин (81 740), Эрон (60 500), Британияи Кабир (51 608), Туркия (30 217) ва Швейтсария (21 712) дохил мешаванд.

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар Чин — 77 167 нафар, Испания – 40 437, Германия – 36 081, Эрон – 24 236, Италия – 22 837, ИМА – 19 810, Франсия – 17 250, Швейтсария – 8 056, Кореяи Ҷанубӣ – 6 694 ва Белгия – 3 986 нафар мебошанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (16 523 нафар), Испания (13 341), ИМА (10 943), Франсия (8 911), Британияи Кабир (5 373), Эрон (3 739), Чин (3 331), Нидерланд (1 867), Германия (1 810) ва Белгия (1 632) дохил мешаванд.