ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сардор Раҳдор шоири шинохтаи тоҷик нобаҳангом шаби гузашта, дар синни 66-солагӣ даргузашт.
Доираҳои наздик ба шоир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, шоир чанде боз дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ буд ва ахиран аз бемории сактаи мағзӣ даргузашт. Ҷасади шоирро ба зодгоҳаш деҳаи Баррӯшони ВМКБ интиқол доданд.
Сардор Раҳдор 4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.
Ӯ фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои аввал пас аз хатми донишгоҳ шоир дар мактаби рақами 17-и деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон фаъолият кард. Муддате дар Афғонистон ба ҳайси афсари низомӣ хизмат кард.
Сардор Раҳдор беш аз 15 сол ба ҳайси корманди бахши маърифатии Хазинаи Оқохон дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намуд. Барои чанд сол муҳаррири калони ҳафтавори "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Бо забонҳои помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт.