ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Падар ва сармураббии қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Абдулманап Нурмуҳаммадов дар суҳбат бо соҳибкор Игор Рибаков дар шабакаи Youtube гуфт, писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор пул кор кардааст.
"Дороии ӯ наздики 100 миллион доллар аст. Дар ҷаҳон одамоне ҳастанд, ки дороияшон аз ин бештар аст", - гуфт падари Ҳабиб.
Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли 2019 рӯзномаи Forbes Ҳабибро миёни доротарин ашхоси аз 40 сола поёни Русия, дар мақоми аввал ҷой дода буд.
Бино ба арзёбии рӯзнома даромади солонаи Ҳабиб 11,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.
Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирин бо Дастин Поре ба Ҳабиб калонтарин музд - 6 миллион доллар овард. Ин бештарин ҳаққи музд дар фаъолияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад.