ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди шаҳри Маскав 536 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавируси навъи COVID - 19 сабт шудааст, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии Роспотребнадзор.
Бино ба гузориши ахири Роспотребнадзор дар шаҳри Маскав то 5 апрели соли равон 3893 дардманди коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба гуфти раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин дар пойтахти Русия хавфи афзоиши коронавирус бештар аст.
"Дар Маскав хавфи бештари гирифторӣ ба коронавирус вуҷуд дорад, чун аксари мардум аз хориҷа тариқи Маскав ворид шуданд, ба ин далел шумораи гирифторон беҳад зиёд аст", - гуфт Собянин дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".
Ӯ қайд кард, ки тадобир барои манъ кардани паҳншавии коронавирус дар Маскав пурзӯр шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки шаҳри Маскав дар қарантина қарор дорад. Ба сокинони пойтахт бе зарурат баромадан аз манзил манъ аст. Дар баробари ин рафтан ба мағоза, дорухона ва табобатхона иҷоза дода шудааст.