Тағйирот дар ҲХДТ: Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон шуд

Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини аввал, Хайриддин Усмонзода ба вазифаи муовин ва Саодатшо Матробиён котиби фраксия интихоб гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ нахустин ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардидааст.

Дар кори ҷаласа раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат намудааст. Дар ин бора котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Муҳаммадато Султонов ба АМИТ "Ховар" хабар додааст.

Пирӯзии коммунист бар рақиби худ аз ҲХДТ дар овоздиҳии такрорӣ дар Истаравшан

Азизӣ иброз намудааст, ки вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, баҳри таҳкими низоми қонунгузории давлат тамоми неруи худро равона менамоянд.

Рӯзномаи ҷаласаи нахустини вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз масъалаҳои зерин: таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон; интихоби Раиси фраксия ва муовинони ӯ ва котиби фраксия иборат будааст.

Азизӣ таъкид намудааст, ки мақоми ҳуқуқии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.

"Зарурати таъсиси фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад",- гуфтааст Азизӣ.

Бо қарори ҷаласаи вакилон-аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Инчунин Гулбаҳор Назирӣ ба вазифаи муовини аввал, Хайриддин Усмонзода ба вазифаи муовин ва Саодатшо Матробиён котиби фраксия интихоб карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар байни 42 нафар аъзои фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла, муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб ва сиёсатшиносон дохил гардидаанд.

Бо қарори ҷаласаи фраксия мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи бақайдгирӣ пешниҳод гардиданд.