Он ҷо – ҷанг, ин ҷо – филм: Душанбе ё “Театрленд” – и Ҷанги бузурги ватанӣ

Дар тӯли Ҷанги бузурги ватанӣ, ки солҳои 1941 – 1945 давом дошт, ду студияи филм ва 17 театри Иттиҳоди Шӯравӣ ба Душанбе тахлия шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Ин арқом зимни як мизи гирд дар мавзӯи “Нақши Тоҷикистон дар пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945)” дар Маркази захираҳои Созмони Милал дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон тавассути муаррихони тоҷик баён шуд.

Таҷлили Ғалаба: се куҳансарбози тоҷикро Ҳукумати Русия ба Маскав даъват кард

Ғафур Шерматов, муаррих ва рӯзноманигори низомӣ, мегӯяд, ду студияи филм – “Союздетфилм”, ҳамакнун студияи филми Горкийи  Маскав ва 80% студияи филми Одесса дар оғози Ҷанги бузурги ватанӣ ба Душанбе тахлия (эвакуатсия) шуда буданд.

Ба гуфтаи вай, ҳунармандон, маҷмӯаҳои ороишӣ, таҷҳизоти синамоӣ ва соири лавозимоте, ки “Союздетфилм” тавонист аз Маскав берун орад, дар 18 қатор ба Сталинобод, ҳоло Душанбе таҳвил дода шуд ва дар хонаи синамои Горкий (баъдан Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва акнун телевизиони “Сафина”) мустақар гардиданд.

“Онҳо аз октябри 1941 то августи 1944 дар Душанбе кор карданд. Дар ин муддат 15 филми синамоӣ ва беш аз 100 филми мустанад рӯи навор оварданд. Ба унвони мисол, филми машҳури "Кошчеи ҷовидон" дар Тоҷикистон филмбардорӣ шуда буд. Ман дар пойгоҳи низомии 201 кор мекунам ва ба бачаҳо мегӯям, ки ин филм дар Тоҷикистон рӯи навор омадааст. Онҳо бо тааҷҷуб мегӯянд, чӣ мегӯӣ?” - мегӯяд Ғафур Шерматов.

Куҳансарбози русе, ки дар ҷанги дувуми ҷаҳон иштирок дошт, дар Афғонистон даргузашт

Ба гуфтаи Абдулло Ғафуров, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, 13 ноябри 1941, Кумитаи марказии Ҳизб коммунисти Тоҷикистон қарор "Дар бораи созмони тавлиди филмҳои дифоъии ҳунарӣ дар студияи синамои Сталинобод"-ро тасвиб кард.

"Ин қарор сохти филмҳои синамоии тамомқад, тақвияти пояҳои моддиву фаннии студияи филм ва таъмини ҷойи зисти гурӯҳи бузурге аз филмсозони халлоқи воридшуда аз студияи “Союздетфилм” – и Маскав ба пойтахти ҷумҳуриро дар назар дошт. Ин тасмим нақши муҳимме дар рушди филмбардорӣ ифо кардааст. 5 декабри ҳамон соли 1941 маҷмӯае аз филми ҷангии №7 таҳти унвони "Моҷароҳои ҷадиди сарбози шуҷоъ Швейк" рӯи пардаҳои телевизион омад”, - нақл кард Ғафуров.

Ба ҳамин минвол, студияи Тоҷикистон ба ҳамроҳии студияи “Союздетфилм” филмҳоеро дар мавзӯи дифоъи низомӣ тавлид карданд. Солҳои 1942 - 1943 филмҳои "Савганди Темур", "Лермонтов", "Ҷанг дар назди Сокол", "Шики венагӣ", "Мо аз Урал" бо ҳузури фаъоли филмсозони тоҷик эҷод шуд.

Путин ба шаш собиқадори меҳнат дар Тоҷикистон медал дод - Акс

Дар солҳои баъдӣ филмҳои синамоие, назири "Як шаби Белград" , "Шоҳзода ва гадо" (Марк Твен) , "Март - апрел" , "Тоҷикистон" ва ғайра экранӣ шуданд.

Дар оғози соли 1943 филми "Писари Тоҷикистон" рӯи пардаҳои телевизиони ин кишвар зоҳир шуд. Муваффақияти бузурге низ бар филми мустанади "Консерти Тоҷикистон" афтод.

Дар соли 1942 студияи муттаҳидаи Душанбе 34 маҷалласинамои "Тоҷикистони Шӯравӣ дар рӯзҳои ҷанг" – ро мунташир кард, ки 15 қисми он дар телевизиони умумишӯравӣ намоиш дода шуд.

Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, он замон супоришоти зиёде барои мубориза бо "испанка", вабо, табҳои ҳасбаву кабуд ва дигар эпидемияҳо маҳз ба студияи “Союздетфилм” аз сӯи Иттиҳодияи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ барои равшангари беҳдоштӣ дода мешуд.

Низомиёни Русия танкҳои таърихии Душанбе ва Турсунзодаро аз нав барқарор мекунанд

“Ин филмҳо соати худро интизоранд. Онҳо дар бойгонии мустанадоти савтӣ, тасвирӣ ва видеоии Архиви давлатии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ман онҳоро дидаам. Бойгоникунандагони мо ба содагӣ намедонанд бо онҳо чӣ кор кунанд. Мо таҷҳизоти муносибе барои тармими онҳо надорем. Ин як чунин фоҷиа аст", - гуфт рӯзноманигор ва муаррихи низомӣ.

Ҳамин тавр, ҳунармандони машҳури синамо, назири Фаина Раневская, Борис Тенин, Рина Зелёная, Сергей Мартинсон, Сергей Филиппов, Борис Андреев, Алексей Консовский, Георгий Милляр, дар кулл беш аз 100 бозигар он замон дар Тоҷикистон кор кардаанд.

"Дар гӯристони Душанбеи мо ду Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ - Борис Аркадин ва Иван Чевелёв ба хоби абад рафтаанд. Мутаассифона, онҳо натавонистанд бар "испанка" пирӯз оянд", - мегӯяд Ғафур Шерматов.

Даргузашти охирин “марди ҷанг” – и Хуҷанд: аз шаҳр 12 ҳазор ба ҶБВ рафта буданд

Ба гуфтаи муаррихон, дар солҳои ҷанг Театри комедии мусиқии Ленинград (ҳоло Санкт – Петербург), Театри Воронеж ба номи Шорс, капеллаи украинии "Думка", Оркестри симфонии Киев, Театри лухтаки Днепропетровск, Театри “Ромен”, Театри Аркадий Райкин, беш аз 6 гурӯҳи театрии Украина, бахше аз Театри Немирович-Данченко – и Маскав, дар маҷмӯъ 17 гурӯҳи театрӣ дар Тоҷикистон фаъол буданд.

“Ҳар ҳунарманд ҷойи худро медонист. Ҳама кор мекарданд. Душанбе ба як “театрленд” – и бузург табдил ёфта буд. Театрҳо ба ҳама шаҳрҳо сафар мекарданд. Ин қаблан ҳаргиз иттифоқ науфтода буд ва баъд аз он низ иттифоқ науфтод ва эҳтимолан ҳаргиз дигар иттифоқ нахоҳад афтод", - гуфт Ғафур Шерматов.