ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта 601 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Теъдоди умумии маризони коронавирус ба 4 ҳазору 149 нафар расид, хабар дод ситоди фаврӣ.
Ба иттилои ситод, тайи як шабонарӯзи гузашта 4 маризи коронавирус ҷон бохта, 46 нафар шифо ёфтанд.
Ҳудуди 80 дарсади ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудаанд, ки 488 ҳолатро ташкил медиҳанд. Ин нишондод дар шаҳру навоҳии назди Маскав ба 34 нафар баробар мебошад.
Се ҳолати нахустини гирифторшавӣ дар вилояти мухтори Яҳудиёни Русия ва як ҳолат дар Ингушистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол минтақаҳои Русия, ки то ҳол коронавирус ба он ҷо роҳ наёфтааст, феълан 7 ададро ташкил медиҳанд. Музофоти тоза аз коронавирус дар Русия айни ҳол минтақаи Алтай, Карачаево-Черкесия, Карелия, ҳавзаи мухтори Ненетск, Тува ва Чукотка мебошанд.
Миёни гирифторони коронавирус дар Русия 4% кӯдакон, 44% - афроди аз 18 то 45-сола, 35% - шаҳрвандони аз 46 то 65-сола ва 16% -и боқимонда аз 65-сола боло мебошанд.
Занон миёни мубталоёни коронавирус 53,5% ва мардон 46,5%-ро ташкил медиҳанд.
Шабонарӯзи пешӣ дар Русия 771 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шуда буд.