ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар 29 минтақаи Русия сабт шуданд, хабар дод ситоди фаврӣ.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои охирини мақомоти Русия 3 ҳазору 548 нафар дар 78 минтақаи кишвар гирифтори коронавирус шудаанд.
Теъдоди бештари маризони коронавирус дар Маскав қарор доранд. Тайи як шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русия 595 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.
Дар маҷмуъ дар Русия 30 нафар аз гирифторони коронавирус ба ҳалокат расида, 235 нафар шифо ёфтанд.
Дар ҷамъбасти рӯзи 1 апрел хабар дода шуд, ки дар Украина – 794, Арманистон – 571, Молдова – 423, Қазоқистон – 402, Озарбойҷон – 359, Беларус – 163, Ӯзбекистон – 181 ва Қирғизистон — 111 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати 2 апрел дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Феълан марзҳои кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ баста мебошанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз санаи 1 феврал то 2 апрели соли равон 6272 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантина фаро гирифта шуданд.
Манбаъ афзуд, то имрӯз аз 6272 нафар 2359 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3913 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии кишвар дар қарантина қарор доранд.