Рустами Эмомалӣ барои табибони сол 34 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, қарор кардааст, ки кормандони хуби бахши тандурустии пойтахт бо кумакҳои моддию маънавӣ ҳавасманд карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе 1 апрел бо имзои як қарор дастур додааст, ки барои ҳавасмандгаронии кормандони бахши тандурустӣ 34 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.

Омодабош: супориши Насим Олимзода ба масъулин барои пешгирӣ аз коронавирус

“Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол” ва “Корманди миёнаи тибби сол” тасдиқ карда шаванд”, - омадааст дар қарор.

Рустами Эмомалӣ сарраёсати молияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 сомониро ба муҳосиботи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дастур гирифтаанд, ки дар фазои тантанавӣ мукофоти шаҳрдориро ба ғолибони озмун тақдим намоянд.

Озмунҳои мазкур бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2012, “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” баргузор карда мешаванд.