Ошкоршавии се ҳолати қаллобӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон

Чанд сокини Тоҷикистон ба мақомот аз фиреби қаллобон шикоят бурдаанд. ВКД тафтишоти қазияҳоро идома медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани чанд ҳолати қаллоби дар шаҳру навоҳӣ хабар медиҳад.

Чунончи, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи августи соли 2018, марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 66 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки як адад трактори тамғаи МТЗ-80 бо ҳамаи таҷҳизоташ оварда медиҳад, вале ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

4700 сомонӣ гирифту ба донишгоҳ дохил накард: қаллобии як зан дар Суғд
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 45-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2018, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Ренф” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Аксент”-ро ба маблағи 24 ҳазору 500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, як қисмати маблағашро баргардонида, боқимонда 11 ҳазору 500-долларро то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 21 ва 33-солаи сокинони шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.

Ошкор шудани қаллобии 1 миллиону 111 ҳазор сомонӣ дар Душанбе

Номбурдагон моҳи декабри соли 2019, бо ҳамроҳии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада аз ӯ 29 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидаанд. Барои дастгир намудани марди 33-сола чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.