Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 172 нафар расид

Мақомоти кишвар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки бе зарурат аз хона набароянд, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд ва қавонини қарантинаро вайрон накунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 172 кас расид, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ин кишвар.

Бештари ҳолати гирифторӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона то рӯзи 29 март пизишкон ҳафт мубталои коронавирусро табобат карда аз бемористон ҷавоб доданд.

Сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд

Мақомоти кишвар аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки бе зарурат аз хона набароянд, қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд ва қоидаҳои карантинро вайрон накунанд.

Вале, то ҳол ёфт мешаванд нафароне, ки қоидаҳои қарантинаро вайрон мекунанд ва ҷони худу наздиконашонро дар хатар мегузоранд.

То рӯзи 1 апрел дар кишвар беш аз 400 ҳолати нақзи қарантина ба қайд гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ин кишвар ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризӣ, тадобири шадидро рӯйи даст гирифтааст.

Сар аз 25 – уми март гаштугузор дар шаҳр бидуни пӯшидани ниқоби тиббӣ комилан манъ гардидааст. Ҳамчунин шурӯъ аз 24 – уми март равуойи нақлиёти ҷамъиятӣ миёни манотиқҳои Ӯзбекистон низ мамнӯъ шуда.

Дар Тошканд аз 22 – юми март ва дар Бухоро аз 24 – уми март ва дар чанд шаҳри дигари ин кишвар ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тамоман манъ гардида, карантин эълон шудааст.

Ҳамчунин барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳаракат тавассути худравҳои шахсӣ пурра қатъ гардид.