Шодихон Ҷамшед: мо  бояд барои роҳ надодани коронавирус тадобирро пурзӯр намоем

То рӯзи 1 апрели соли 2020 дар ҳудуди Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале мақомот мегӯяд чораҳои пешгирикунанда бояд пурзӯр шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 13 давлате мебошад, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз коронавируси навъи нав-COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед имрӯз зимни мизи гирд дар шаҳри Душанбе баён дошт.

Ӯ афзуда, ки Тоҷикистон, Туркманистон, Яман аз зумраи ин мамлакатҳо мебошанд, ки аз таъсири COVID-19 эмин мондаанд.

Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Ҷамъомади мазкур дар хусуси нақшаи коммуникатсияи хавф ва ҷалби ҷомеа оид ба COVID-19  барои Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ЮНИСЕФ ва шарикони рушд ширкат намудаанд.

Зикр шуда, ки  нақшаи коммуникатсияи хавф ва ҷалби ҷомеа барои барқарор намудани коммуникатсияи дутарафаи байни аҳолӣ ва мақомоти дахлдори ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Гурӯҳи кории миллӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

"Имрӯз коронавирус беш аз 200 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳидро фаро гирифтааст. Паҳншавии он новобаста аз сатҳи иқтисодиву молиявии мамлакатҳо баръало нишон дод, ки чӣ қадар пайомадҳои бузурги иқтисодӣ, маънавӣ ва тандурустиро дар кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Америка ва Иттиҳоди Урупо ба вуҷуд овардааст",- гуфт Шодихон Ҷамшед.

Ҷамшед илова кард, ки "мо  бояд ҷиҳати ворид нашудани ин вирус ба мамлакат  чораҳои  пешгирикунандаро боз ҳам пурзӯр намоем".

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз он ёдовар шуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст.

"Роҳбарии ситоди доимоамалкунанда ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор шуда, ба ҳайати он аъзои Ҳукумати мамлакат шомил мебошанд. Инчунин дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду моҳ инҷониб ситоди дохилиидоравӣ таҳти роҳбарии вазир Насим Олимзода фаъол аст", — гуфт Шодихон Ҷамшед.

Ситодҳои мазкур оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти намуди нави коронавирус нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ ва амалӣ намуда истодаанд. Инчунин тибқи супориши президент, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис додаанд.

Қарори Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе  тадобир барои пешгирии коронавирус пурзӯр мегардад 

"Мақсади мо аз он иборат аст, ки тарзи дурусти вокуниши воситаҳои ахбори оммаро дар масъалаи возеҳ ва равшан ба аҳолӣ расонидани иттилооти дарпешистода таъмин намоем".

 

Дар ҷамъомади имрӯза инчунин намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигарон оид ба масъалаи мавриди назар сухан гуфтанд.

Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар бораи беш аз 200 мамлакат ва ҳудуд гузориш дод, ки дар онҳо сироятёбии шаҳрвандон аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Хотиррасон мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 фаъол намудааст.

Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  вазорат  аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  ба вазорат хабар диҳанд.