ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Амрико давоми як шабонарӯз дасти кам 865 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс.
Дар умум бар асари ин беморӣ дар Амрико 3900 нафар ҷон аз даст дода, ҳудуди 190 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба ин маризӣ дар сартосари ин кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан, манбаъ аз 26 400 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар як шабонарӯзи ахир хабар дод, ки ин нишондод бесобиқа мебошад.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп пешгӯӣ намуд, ки маризии коронавирус дар ин кишвар ҷони аз 100 то 200 амрикоиро хоҳад гирифт.
Ба изҳори ӯ, маргу мири барзиёди амрикоиҳо аз ин маризӣ, дар ду ҳафтаи оянда сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 - уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард. Бар тибқи маълумоти ахири ин созмон, дар ҷаҳон беш аз 850 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба ин маризӣ сабт гардидааст ва зиёда аз 42 ҳазор дардманд ҷон аз даст доданд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон то санаи 1 - уми апрел ягона мавриди сироятшавӣ ба ин беморӣ сабт нагардидааст. Тоҷикистон ва Туркманистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, ду давлати орӣ аз маризии коронавирус мебошанд.