Баҳори зебои Душанбе бе коронавирус: гузориши аксӣ

Sputnik

Душанбе шаҳри ҷавон аст, вале бо омади баҳор ва шукуфтани гулҳои рангоранг шаҳри дилкашеро мемонад.

Қарори Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе  тадобир барои пешгирии коронавирус пурзӯр мегардад 

Баҳори Тоҷикистон замони бедоршавии табиат аст, замоне, ки офтоб бо нурҳояш атроф ва дилҳои мардумро гарм мекунад.

Аз ҳар гӯшаи кишвар сабзаҳо сар мебароранд, дарахтон муғча мебанданд ва мардум ба кишту кор ва гашту гузор мебарояд.

Гулҳои шукуфта дар ҳама кунҷи Душанбе - дар боғҳо, паркҳо, назди корхонаҳо дида мешавад.

Дар баробари зебогии табиат баҳор боз замони таҷлили ду иди бузург - "Рӯзи Модарон" ва "Наврӯз" мебошад.

Бояд гуфт, одатан баҳори Тоҷикистон наонқадар гарм аст, ҳарорати ҳаво тақрибан 24 дараҷа мешавад, вале шабона метавонад то -4 дараҷа сард шавад ва баръакс мешаванд ҳолатҳое, ки ҳарорати ҳаво рӯзона то 37 дараҷа гарм шавад.

Хушбахтона то кунун дар ягон нуқтаи Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

1 / 12
Душанбе шаҳри ҷавон аст, вале бо омади баҳор ва шукуфтани гулҳои рангоранг шаҳри дилкашеро мемонад.
2 / 12
Боғи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар фасли баҳор яке аз маконҳои беҳтарин барои гашту гузор мебошад.
3 / 12
Шинонидани гулҳои баҳориро дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал оғоз мекунанд.
4 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе.
5 / 12
Дар васфи гулҳои Душанбе шеърҳо ва сурудҳои зиёде эҷод ва иҷро шудаанд.
6 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе бо гулҳои рангоранги худ маъруф аст.
7 / 12
Баҳори шаҳри Душанберо дарахтон ва гулҳо муаттар мекунанд.
8 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе.
9 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе бо гулҳои зебои рангин.
10 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе бо гулҳои шукуфта машҳур аст.
11 / 12
Баҳори шаҳри Душанбе бисёр зебост.
12 / 12
Дарахтон дар фасли баҳор муғча мебанданд ва гул мекунанд.