Тамдиди таътили баҳорӣ дар макотиби Туркманистон

Дар Туркманистон таътили баҳории мактаббачагон, ки бояд то 1 апрел давом мекард, тамдид гардид. Сабаби расмии тамдиди таътил гуфта намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Таътили баҳорӣ дар макотиби Туркманистон то 6 апрел тамдид карда шуд. Сабаби тамдиди таътил гуфта нашудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Феълан макотиби Туркманистон ба таътили баҳорӣ баромадаанд, ки бояд рӯзи 1 апрел анҷом ёбад. Вале, рӯзи душанбе дар мактабҳо эълон карданд, ки таътил то 6 апрел тамдид карда шудааст ва феълан раҳбарони синф ба волидони хонандагон занг мезананд ва аз таъхири даст огоҳ мекунанд.

Сабаби расмии тамдиди таътил гуфта намешавад. Вале муаллимон ба волидон мефаҳмонанд, ки ин иқдом барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ шудааст.

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Бино ба гузориши мақомоти Туркманистон дар ин кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Пандемияи коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То рӯзи 31 март дар 199 кишвари ҷаҳон 723, 3 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 34 ҳазор нафар қурбони ин вирус шуд.