ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар интизори парвоз ба ватани худ ҳастанд, шоми дирӯз аз фурудгоҳи Домодедова ронда шуданд. Навори дар нимашаб аз бинои фурудгоҳ берун овардани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфтааст.
Гуфта мешавад, миёни шаҳрвандони дар берун монда, тоҷикистониҳо низ зиёданд.
Хабари аз фурудгоҳ пеш кардани муҳоҷиронро рӯзноманигор Галия Ибрагимова дар сафҳаи худ нашр намудаст.
Ба изҳори ӯ, соати 3 - и шаб Фаррух ном як муҳоҷир бо ӯ дар тамос шуда, асли қазияро ба ӯ нақл кард.
"Моро аз фурудгоҳ берун карданд. Кормандони либоси расмидошта омада, пурсиданд, ки чӣ миқдор муҳоҷирон азми ба ватан баргаштанро доранд ва хоҳиш намуданд, ки ҳамаро ҷамъ кунем. Ба мо ваъда доданд, ки имшаб парвоз мекунем. Қариб 300 муҳоҷир ҷамъ омад", - афзудааст муҳоҷири тоҷик.
Ба гуфтаи Фаррух, ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар нимашаб дар берун монданд. Онҳо ба далели набудани таксӣ ва ҳаракат накардани нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳавои сард дар берун монданд.
Лағви даҳҳо парвоз дар фурудгоҳи Маскав
Қазияи мазкурро феълан ягон намояндаи ҳукуматӣ шарҳ надодааст.
Бояд гуфт, ки дар фурудгоҳҳои Русия ҳамоно миқдори зиёди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дармондаанд. Ба далели бурузи маризии сироятии коронавирус Русия бо тамоми кишварҳо равобити ҳавоиро маҳкам кард.